- қутб
- I[قطب]а1. ҷуғр. ҳар як аз ду нуқтаи меҳвари тасаввурии кураи Замин ва мавзеи атрофи ин нуқтаҳо: қутби шимолӣ, қутби ҷанубӣ2. ҷуғр. маҳалли бархӯрди меҳвари олам аст бо кураи самовӣ, ки қутби осмон гӯянд3. физ. яке аз ду нӯги занҷири қувваҳои барқӣ ё магнитӣ: қутби манфӣ, қутби мусбат, қутби магнитӣ; ситораи қутб яке аз муниртарин ситораҳои гурӯҳи Дубби Асғар аст, ки дар наздикии қутби шимолии дунё воқеъ аст ва аз рӯи зарурат самтро бо он муайян мекунанд; қутби ҳайвонӣ зоол. яке аз ду тарафи тухм ки тарафи дигарашро қутби растанӣ меномандII[قطب]а. навъи гиёҳест, ки се хор дорад ва онро хори сепаҳлӯ низ мегӯяндIII[قطب]а1. сутунаи оҳании осиё ва чарх; оҳанест дар санги поёнии осиё, ки санги болоии осиё бар он мегардад2. шайхи ягона; лақаби он валиест, ки тартиботи маънавии мулку кишвар бар дӯши ӯ гузошта шудааст; маҷ. дурахшонтарин симо (аз адибон, ҳунармандон, варзишгарон ва м. инҳо); қутби замон машҳуртарин, намоёнтарин шахси даврон
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.